Quran Apps in many lanuages:

Surah Al-Baqara Ayahs #211 Translated in Tajik

وَمِنَ النَّاسِ مَنْ يَشْرِي نَفْسَهُ ابْتِغَاءَ مَرْضَاتِ اللَّهِ ۗ وَاللَّهُ رَءُوفٌ بِالْعِبَادِ
Касе дигар аз мардум барои ҷустани хушнудии Худо ҷони хешро фидо кунад. Худо бар ин бандагон меҳрубон аст!
يَا أَيُّهَا الَّذِينَ آمَنُوا ادْخُلُوا فِي السِّلْمِ كَافَّةً وَلَا تَتَّبِعُوا خُطُوَاتِ الشَّيْطَانِ ۚ إِنَّهُ لَكُمْ عَدُوٌّ مُبِينٌ
Эй касоне, ки имон овардаед, ҳамагон ба итоъат дароед ва пой ба ҷои пои шайтон магузоред, ки ӯ душмани ошкори шумост.
فَإِنْ زَلَلْتُمْ مِنْ بَعْدِ مَا جَاءَتْكُمُ الْبَيِّنَاتُ فَاعْلَمُوا أَنَّ اللَّهَ عَزِيزٌ حَكِيمٌ
Ҳар гоҳ пас аз он ки ин оёти равшани Худо ба шумо расид, дар имони хеш лағзише ёфтед, бидонед, ки Худо пирӯзманд ва ҳаким аст.
هَلْ يَنْظُرُونَ إِلَّا أَنْ يَأْتِيَهُمُ اللَّهُ فِي ظُلَلٍ مِنَ الْغَمَامِ وَالْمَلَائِكَةُ وَقُضِيَ الْأَمْرُ ۚ وَإِلَى اللَّهِ تُرْجَعُ الْأُمُورُ
Оё инҳо мунтазири он ҳастанд, ки Худо бо фариштагон дар зери соябоне аз абр наздашон биёяд ва кор яксара шавад? Ҳол он ки ҳамаи корҳо ба сӯи Худо бармегарданд.
سَلْ بَنِي إِسْرَائِيلَ كَمْ آتَيْنَاهُمْ مِنْ آيَةٍ بَيِّنَةٍ ۗ وَمَنْ يُبَدِّلْ نِعْمَةَ اللَّهِ مِنْ بَعْدِ مَا جَاءَتْهُ فَإِنَّ اللَّهَ شَدِيدُ الْعِقَابِ
Аз банӣ-Исроил бипурс, ки эшонро чӣ оёти равшане додем. Ҳар кас, ки неъматеро, ки Худо ба ӯ иноят кардааст, (додааст) дигаргун созад, бидонад, ки уқубати ӯ сахт аст!

Choose other languages: