Quran Apps in many lanuages:

Surah Al-Baqara Ayahs #212 Translated in Tajik

يَا أَيُّهَا الَّذِينَ آمَنُوا ادْخُلُوا فِي السِّلْمِ كَافَّةً وَلَا تَتَّبِعُوا خُطُوَاتِ الشَّيْطَانِ ۚ إِنَّهُ لَكُمْ عَدُوٌّ مُبِينٌ
Эй касоне, ки имон овардаед, ҳамагон ба итоъат дароед ва пой ба ҷои пои шайтон магузоред, ки ӯ душмани ошкори шумост.
فَإِنْ زَلَلْتُمْ مِنْ بَعْدِ مَا جَاءَتْكُمُ الْبَيِّنَاتُ فَاعْلَمُوا أَنَّ اللَّهَ عَزِيزٌ حَكِيمٌ
Ҳар гоҳ пас аз он ки ин оёти равшани Худо ба шумо расид, дар имони хеш лағзише ёфтед, бидонед, ки Худо пирӯзманд ва ҳаким аст.
هَلْ يَنْظُرُونَ إِلَّا أَنْ يَأْتِيَهُمُ اللَّهُ فِي ظُلَلٍ مِنَ الْغَمَامِ وَالْمَلَائِكَةُ وَقُضِيَ الْأَمْرُ ۚ وَإِلَى اللَّهِ تُرْجَعُ الْأُمُورُ
Оё инҳо мунтазири он ҳастанд, ки Худо бо фариштагон дар зери соябоне аз абр наздашон биёяд ва кор яксара шавад? Ҳол он ки ҳамаи корҳо ба сӯи Худо бармегарданд.
سَلْ بَنِي إِسْرَائِيلَ كَمْ آتَيْنَاهُمْ مِنْ آيَةٍ بَيِّنَةٍ ۗ وَمَنْ يُبَدِّلْ نِعْمَةَ اللَّهِ مِنْ بَعْدِ مَا جَاءَتْهُ فَإِنَّ اللَّهَ شَدِيدُ الْعِقَابِ
Аз банӣ-Исроил бипурс, ки эшонро чӣ оёти равшане додем. Ҳар кас, ки неъматеро, ки Худо ба ӯ иноят кардааст, (додааст) дигаргун созад, бидонад, ки уқубати ӯ сахт аст!
زُيِّنَ لِلَّذِينَ كَفَرُوا الْحَيَاةُ الدُّنْيَا وَيَسْخَرُونَ مِنَ الَّذِينَ آمَنُوا ۘ وَالَّذِينَ اتَّقَوْا فَوْقَهُمْ يَوْمَ الْقِيَامَةِ ۗ وَاللَّهُ يَرْزُقُ مَنْ يَشَاءُ بِغَيْرِ حِسَابٍ
Барои кофирон зиндагии инҷаҳонӣ ороста шудааст ва мӯъминонро ба масхара мегиранд. Онон, ки аз Худо метарсанд, дар рӯзи қиёмат болотар аз кофирон ҳастанд ва Худо ҳар касро, ки бихоҳад, беҳисоб рӯзӣ медиҳад!

Choose other languages: