Quran Apps in many lanuages:

Surah Al-Baqara Ayahs #240 Translated in Tajik

لَا جُنَاحَ عَلَيْكُمْ إِنْ طَلَّقْتُمُ النِّسَاءَ مَا لَمْ تَمَسُّوهُنَّ أَوْ تَفْرِضُوا لَهُنَّ فَرِيضَةً ۚ وَمَتِّعُوهُنَّ عَلَى الْمُوسِعِ قَدَرُهُ وَعَلَى الْمُقْتِرِ قَدَرُهُ مَتَاعًا بِالْمَعْرُوفِ ۖ حَقًّا عَلَى الْمُحْسِنِينَ
Агар занонеро, ки бо онхо наздикӣ накардаед ва маҳре барояшон муқаррар надоштаед, талоқ гӯед, гуноҳе накардаед. Вале онҳоро ба чизе баҳраманд созед: тавонгар ба қадри тавонаш ва дарвеш ба қадри тавонаш. Ин корест шоистаи некӯкорон.
وَإِنْ طَلَّقْتُمُوهُنَّ مِنْ قَبْلِ أَنْ تَمَسُّوهُنَّ وَقَدْ فَرَضْتُمْ لَهُنَّ فَرِيضَةً فَنِصْفُ مَا فَرَضْتُمْ إِلَّا أَنْ يَعْفُونَ أَوْ يَعْفُوَ الَّذِي بِيَدِهِ عُقْدَةُ النِّكَاحِ ۚ وَأَنْ تَعْفُوا أَقْرَبُ لِلتَّقْوَىٰ ۚ وَلَا تَنْسَوُا الْفَضْلَ بَيْنَكُمْ ۚ إِنَّ اللَّهَ بِمَا تَعْمَلُونَ بَصِيرٌ
Агар барояшон маҳре муайян кардаед ва пеш аз наздикӣ талоқашон мегӯед, нисфи он чӣ муқаррар кардаед, бипардозед; магар он ки эшон худ ё касе, ки ақди никоҳ ба дасти ӯст, онро бубахшад. Ва бахшидани шумо ба парҳезгорӣ наздиктар аст. Ва фазилатро миёни худ фаромӯш макунед, ки Худо ба корҳое, ки мекунед, биност!
حَافِظُوا عَلَى الصَّلَوَاتِ وَالصَّلَاةِ الْوُسْطَىٰ وَقُومُوا لِلَّهِ قَانِتِينَ
Намозҳо ва намози миёнаро пос доред ва бо итоат барои Худо қиём кунед.
فَإِنْ خِفْتُمْ فَرِجَالًا أَوْ رُكْبَانًا ۖ فَإِذَا أَمِنْتُمْ فَاذْكُرُوا اللَّهَ كَمَا عَلَّمَكُمْ مَا لَمْ تَكُونُوا تَعْلَمُونَ
Ва агар аз душман бимнок будед, пиёда ё савора намоз кунед. Ва чун эмин шудед, Худоро ёд кунед, зеро ба шумо чизҳое омухт, ки намедонистед.
وَالَّذِينَ يُتَوَفَّوْنَ مِنْكُمْ وَيَذَرُونَ أَزْوَاجًا وَصِيَّةً لِأَزْوَاجِهِمْ مَتَاعًا إِلَى الْحَوْلِ غَيْرَ إِخْرَاجٍ ۚ فَإِنْ خَرَجْنَ فَلَا جُنَاحَ عَلَيْكُمْ فِي مَا فَعَلْنَ فِي أَنْفُسِهِنَّ مِنْ مَعْرُوفٍ ۗ وَاللَّهُ عَزِيزٌ حَكِيمٌ
Мардоне аз шумо, ки мемиранд ва заноне бар ҷой мегузоранд, бояд ки дар бораи занони худ васият кунанд, ки нафақаи онҳоро ба муддати як сол бидиҳанд ва аз хона берунашон накунанд. Пас агар худ хориҷ шаванд, бо нияти шоистае, ки барои худ мекунанд, гуноҳе бар шумо нест. Ва Худо ғолибу ҳаким аст.

Choose other languages: