Quran Apps in many lanuages:

Surah Al-Baqara Ayahs #184 Translated in Tajik

كُتِبَ عَلَيْكُمْ إِذَا حَضَرَ أَحَدَكُمُ الْمَوْتُ إِنْ تَرَكَ خَيْرًا الْوَصِيَّةُ لِلْوَالِدَيْنِ وَالْأَقْرَبِينَ بِالْمَعْرُوفِ ۖ حَقًّا عَلَى الْمُتَّقِينَ
Ҳар гоҳ яке аз шуморо марг фаро расад ва моле бар ҷой гузорад, муқаррар шуд, ки дар бораи падару модар ва хешовандон аз рӯи инсоф васият кунад. Ва ин шоиста парҳезгорон аст.
فَمَنْ بَدَّلَهُ بَعْدَمَا سَمِعَهُ فَإِنَّمَا إِثْمُهُ عَلَى الَّذِينَ يُبَدِّلُونَهُ ۚ إِنَّ اللَّهَ سَمِيعٌ عَلِيمٌ
Пас ҳар кас, ки он васиятро бишнавад ва он гоҳ дигаргунаш созад, гуноҳаш бар он касест, ки онро дигаргун сохтааст. Худо шунаво ва доност!
فَمَنْ خَافَ مِنْ مُوصٍ جَنَفًا أَوْ إِثْمًا فَأَصْلَحَ بَيْنَهُمْ فَلَا إِثْمَ عَلَيْهِ ۚ إِنَّ اللَّهَ غَفُورٌ رَحِيمٌ
Ҳар гоҳ хавфи он равад, ки васияткунандае дар васияти худ дастхуши ситам ё гуноҳе шуда бошад, агар касе ба ислоҳи миёни онон пардозад, муртакиби гуноҳе нашудааст, ки Худо омурзанда ва меҳрубон аст!
يَا أَيُّهَا الَّذِينَ آمَنُوا كُتِبَ عَلَيْكُمُ الصِّيَامُ كَمَا كُتِبَ عَلَى الَّذِينَ مِنْ قَبْلِكُمْ لَعَلَّكُمْ تَتَّقُونَ
Эй касоне, имон овардаед, рӯза доштан бар шумо муқаррар шуд, ҳамчунон, ки бар касоне, ки пеш аз шумо будаанд, муқаррар шуда буд то парҳезгор шавед!
أَيَّامًا مَعْدُودَاتٍ ۚ فَمَنْ كَانَ مِنْكُمْ مَرِيضًا أَوْ عَلَىٰ سَفَرٍ فَعِدَّةٌ مِنْ أَيَّامٍ أُخَرَ ۚ وَعَلَى الَّذِينَ يُطِيقُونَهُ فِدْيَةٌ طَعَامُ مِسْكِينٍ ۖ فَمَنْ تَطَوَّعَ خَيْرًا فَهُوَ خَيْرٌ لَهُ ۚ وَأَنْ تَصُومُوا خَيْرٌ لَكُمْ ۖ إِنْ كُنْتُمْ تَعْلَمُونَ
Рӯзҳое башумор. Ҳар кас, ки аз шумо бемор ё дар сафар бошад, ба ҳамон адад аз рӯзҳои дигар рӯза бидорад. Ва онон, ки тавоноии он надоранд, ҳар рӯзро ба таъом додани мискине бозхаранд. Ва ҳар кӣ ба ихтиёр дар он бияфзояд, барояш беҳтар аст ва агар мехоҳед бидонед, беҳтар он аст, ки худ рӯза бидоред.

Choose other languages: