Quran Apps in many lanuages:

Surah Al-Baqara Ayahs #183 Translated in Tajik

وَلَكُمْ فِي الْقِصَاصِ حَيَاةٌ يَا أُولِي الْأَلْبَابِ لَعَلَّكُمْ تَتَّقُونَ
Эй хирадмандон, шуморо дар қасос кардан зиндагист. Шояд ки битарсед!
كُتِبَ عَلَيْكُمْ إِذَا حَضَرَ أَحَدَكُمُ الْمَوْتُ إِنْ تَرَكَ خَيْرًا الْوَصِيَّةُ لِلْوَالِدَيْنِ وَالْأَقْرَبِينَ بِالْمَعْرُوفِ ۖ حَقًّا عَلَى الْمُتَّقِينَ
Ҳар гоҳ яке аз шуморо марг фаро расад ва моле бар ҷой гузорад, муқаррар шуд, ки дар бораи падару модар ва хешовандон аз рӯи инсоф васият кунад. Ва ин шоиста парҳезгорон аст.
فَمَنْ بَدَّلَهُ بَعْدَمَا سَمِعَهُ فَإِنَّمَا إِثْمُهُ عَلَى الَّذِينَ يُبَدِّلُونَهُ ۚ إِنَّ اللَّهَ سَمِيعٌ عَلِيمٌ
Пас ҳар кас, ки он васиятро бишнавад ва он гоҳ дигаргунаш созад, гуноҳаш бар он касест, ки онро дигаргун сохтааст. Худо шунаво ва доност!
فَمَنْ خَافَ مِنْ مُوصٍ جَنَفًا أَوْ إِثْمًا فَأَصْلَحَ بَيْنَهُمْ فَلَا إِثْمَ عَلَيْهِ ۚ إِنَّ اللَّهَ غَفُورٌ رَحِيمٌ
Ҳар гоҳ хавфи он равад, ки васияткунандае дар васияти худ дастхуши ситам ё гуноҳе шуда бошад, агар касе ба ислоҳи миёни онон пардозад, муртакиби гуноҳе нашудааст, ки Худо омурзанда ва меҳрубон аст!
يَا أَيُّهَا الَّذِينَ آمَنُوا كُتِبَ عَلَيْكُمُ الصِّيَامُ كَمَا كُتِبَ عَلَى الَّذِينَ مِنْ قَبْلِكُمْ لَعَلَّكُمْ تَتَّقُونَ
Эй касоне, имон овардаед, рӯза доштан бар шумо муқаррар шуд, ҳамчунон, ки бар касоне, ки пеш аз шумо будаанд, муқаррар шуда буд то парҳезгор шавед!

Choose other languages: