Quran Apps in many lanuages:

Surah Al-Baqara Ayahs #208 Translated in Tajik

وَمِنَ النَّاسِ مَنْ يُعْجِبُكَ قَوْلُهُ فِي الْحَيَاةِ الدُّنْيَا وَيُشْهِدُ اللَّهَ عَلَىٰ مَا فِي قَلْبِهِ وَهُوَ أَلَدُّ الْخِصَامِ
Дар ин дунё касест аз мардум, ки Худоро ба дурустии эътиқоди хеш гувоҳ мегирад ват уро суханаш дар бораи зиндагии ин дунё ба тааҷҷуб меорад, дар ҳоле ки сахттарини душманон аст.
وَإِذَا تَوَلَّىٰ سَعَىٰ فِي الْأَرْضِ لِيُفْسِدَ فِيهَا وَيُهْلِكَ الْحَرْثَ وَالنَّسْلَ ۗ وَاللَّهُ لَا يُحِبُّ الْفَسَادَ
Чун аз назди ту бозгардад, дар замин фасод кунад ва киштзорҳо ва домҳоро нобуд созад ва Худо фасодро дӯст надорад!
وَإِذَا قِيلَ لَهُ اتَّقِ اللَّهَ أَخَذَتْهُ الْعِزَّةُ بِالْإِثْمِ ۚ فَحَسْبُهُ جَهَنَّمُ ۚ وَلَبِئْسَ الْمِهَادُ
Ва чун ба ӯ гӯянд, ки аз Худо битарс, худхоҳиаш ӯро ба гуноҳ кашонанд. Ҷаҳаннам --- он ҷойгоҳи бад ӯро бас бошад!
وَمِنَ النَّاسِ مَنْ يَشْرِي نَفْسَهُ ابْتِغَاءَ مَرْضَاتِ اللَّهِ ۗ وَاللَّهُ رَءُوفٌ بِالْعِبَادِ
Касе дигар аз мардум барои ҷустани хушнудии Худо ҷони хешро фидо кунад. Худо бар ин бандагон меҳрубон аст!
يَا أَيُّهَا الَّذِينَ آمَنُوا ادْخُلُوا فِي السِّلْمِ كَافَّةً وَلَا تَتَّبِعُوا خُطُوَاتِ الشَّيْطَانِ ۚ إِنَّهُ لَكُمْ عَدُوٌّ مُبِينٌ
Эй касоне, ки имон овардаед, ҳамагон ба итоъат дароед ва пой ба ҷои пои шайтон магузоред, ки ӯ душмани ошкори шумост.

Choose other languages: