Quran Apps in many lanuages:

Surah Al-Baqara Ayahs #156 Translated in Tajik

فَاذْكُرُونِي أَذْكُرْكُمْ وَاشْكُرُوا لِي وَلَا تَكْفُرُونِ
Пас моро ёд кунед, то шуморо ёд кунам. Маро сипос гӯед ва носипосии ман накунед.
يَا أَيُّهَا الَّذِينَ آمَنُوا اسْتَعِينُوا بِالصَّبْرِ وَالصَّلَاةِ ۚ إِنَّ اللَّهَ مَعَ الصَّابِرِينَ
Эй касоне, ки имон овардаед, аз сабру намоз мадад ҷӯед, ки Худо бо сабркунандагон аст.
وَلَا تَقُولُوا لِمَنْ يُقْتَلُ فِي سَبِيلِ اللَّهِ أَمْوَاتٌ ۚ بَلْ أَحْيَاءٌ وَلَٰكِنْ لَا تَشْعُرُونَ
Ононро, ки дар роҳи Худо кушта мешаванд, мурда наҳисобед. Онҳо зиндаанд ва лекин шумо ҳис намекунед.
وَلَنَبْلُوَنَّكُمْ بِشَيْءٍ مِنَ الْخَوْفِ وَالْجُوعِ وَنَقْصٍ مِنَ الْأَمْوَالِ وَالْأَنْفُسِ وَالثَّمَرَاتِ ۗ وَبَشِّرِ الصَّابِرِينَ
Албатта, шуморо ба андаке тарс ва гуруснагиву бенавоӣ ва бемориву нуқсон дар зироот меозмоем. Ва сабркунандагонро хушхабар деҳ.
الَّذِينَ إِذَا أَصَابَتْهُمْ مُصِيبَةٌ قَالُوا إِنَّا لِلَّهِ وَإِنَّا إِلَيْهِ رَاجِعُونَ
Касоне, ки чун мусибате ба онҳо расид, гуфтанд: «Мо аз они Худо ҳастем ва ба назди Ӯ бозмегардем».

Choose other languages: