Quran Apps in many lanuages:

Surah Al-Baqara Ayahs #194 Translated in Tajik

وَقَاتِلُوا فِي سَبِيلِ اللَّهِ الَّذِينَ يُقَاتِلُونَكُمْ وَلَا تَعْتَدُوا ۚ إِنَّ اللَّهَ لَا يُحِبُّ الْمُعْتَدِينَ
Бо касоне, ки бо шумо ҷанг мекунанд, дар роҳи Худо биҷангед ва аз ҳад нагузаред. Зеро Худо аз ҳад гузарандагонро дӯст надорад!
وَاقْتُلُوهُمْ حَيْثُ ثَقِفْتُمُوهُمْ وَأَخْرِجُوهُمْ مِنْ حَيْثُ أَخْرَجُوكُمْ ۚ وَالْفِتْنَةُ أَشَدُّ مِنَ الْقَتْلِ ۚ وَلَا تُقَاتِلُوهُمْ عِنْدَ الْمَسْجِدِ الْحَرَامِ حَتَّىٰ يُقَاتِلُوكُمْ فِيهِ ۖ فَإِنْ قَاتَلُوكُمْ فَاقْتُلُوهُمْ ۗ كَذَٰلِكَ جَزَاءُ الْكَافِرِينَ
Ҳар ҷо, ки онҳоро биёбед, бикушед ва аз он ҷо, ки шуморо рондаанд, биронедашон, ки фитна аз қатл бадтар аст. Ва дар Масҷидулҳаром бо онҳо наҷангед, магар он ки бо шумо биҷанганд. Ва чун бо шумо ҷангиданд, бикушедашон, ки ин аст ҷазои кофирон!
فَإِنِ انْتَهَوْا فَإِنَّ اللَّهَ غَفُورٌ رَحِيمٌ
Ва агар бозистоданд, Худо омурзанда ва меҳрубон аст!
وَقَاتِلُوهُمْ حَتَّىٰ لَا تَكُونَ فِتْنَةٌ وَيَكُونَ الدِّينُ لِلَّهِ ۖ فَإِنِ انْتَهَوْا فَلَا عُدْوَانَ إِلَّا عَلَى الظَّالِمِينَ
Бо онҳо биҷангед то дигар фитнае набошад ва дин танҳо дини Худо шавад. Вале агар аз дини хеш даст бардоштанд, таҷовуз ҷуз бар ситамкорон раво нест!
الشَّهْرُ الْحَرَامُ بِالشَّهْرِ الْحَرَامِ وَالْحُرُمَاتُ قِصَاصٌ ۚ فَمَنِ اعْتَدَىٰ عَلَيْكُمْ فَاعْتَدُوا عَلَيْهِ بِمِثْلِ مَا اعْتَدَىٰ عَلَيْكُمْ ۚ وَاتَّقُوا اللَّهَ وَاعْلَمُوا أَنَّ اللَّهَ مَعَ الْمُتَّقِينَ
Ин моҳи ҳаром дар муқобили он моҳи ҳаром ва шикастан моҳҳои ҳаромро қасос аст. Пас ҳар кас бар шумо дастдарозӣ кунад, ба ҳамон андоза бар ӯ дастдарозӣ кунед ва аз Худо битарсед ва бидонед, ки Ӯ бо парҳезгорон аст!

Choose other languages: